Ҳузури раҳбари инқилоб бар мазори шаҳидон Амирабдуллоҳиён, Мӯсавӣ, Ҷиллодатӣ ва Замонӣ Ниё
Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи гузашта бо ҳузур дар ҳарами ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), бар сари мазори шаҳидон Амирабдуллоҳиён, Мӯсавӣ, Ҷиллодатӣ ва Замонӣ Ниё ҳозир шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, раҳбари инқилоб бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а) дар шаҳри Рай, зимни зиёрати имомзодагони ин макони нӯронӣ, бар мазори шаҳидони доктор Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири фақиди умури хориҷа, сардор Саидмеҳдии Мӯсавӣ, фармондеҳи ҳифозати раисиҷумҳури шаҳид Раисӣ, шаҳиди мудофеи ҳарам Саидмаҳдии Ҷиллодатӣ аз ҳамроҳони шаҳид Зоҳидӣ дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сафорати Эрон дар Сурия ва Ваҳиди Замонӣ Ниё аз шуҳадои муҳофизи шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар фурудгоҳи Бағдод ҳозир шуданд.