Эрон: Иттиҳомҳои зиддиэронии вазири режими кӯдаккуши Исроил мазҳакаомез аст
(last modified Sat, 27 Jul 2024 05:57:29 GMT )
Июл 27, 2024 10:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Иттиҳомҳои зиддиэронии вазири режими кӯдаккуши Исроил мазҳакаомез аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, иттиҳомҳои вазири режими кӯдаккуши Исроил зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи олимпии 2024 Париж, талоши мазбуҳона барои мунҳариф кардани афкори умумии ҷаҳон аз наслкушии ин режим дар Ғазза аст.

Исроиил Котс-вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе дар номае, ки Райтер мунташир кардааст иддао кард, ин режим арзёбиҳо дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ тавассути намояндагони Эрон ва дигар созмонҳои террористӣ дорад, ки қасд доранд ҳамалоте зидди аъзои ҳайат ва гардишгарони исроилӣ дар замони баргузории бозиҳои олимпии 2024 анҷом диҳанд!

 Ин дар ҳоле аст, ки вазири кӯдаккуши исроилӣ ҳеҷ иттилооте дар робита бо ин таҳдидҳои хосс мунташир накардааст.

 Носир Канъонии Чофӣ дар шабакаи иҷтимоии "Х" иттиҳомоти вазири умури хориҷаи режими наслкуши Исроил зидди Эронро маҳкум кард ва афзуд,иттиҳомот ва нафратпароканиҳои вазири режими кӯдаккуши Исроил зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи олимпии 2024 Париж, талоши фиребкорона барои дур кардани афкори умумии ҷаҳон аз наслкушӣ дар борикаи Ғазза ва фирори рӯ ба ҷилав дар баробари хашм ва нафрати ҷаҳонӣ аз ҷиноёти ҷангии ин режим зидди мардуми мазлуми Фаластин аст.

 Канъонии Чофӣ афзуд, иттиҳомзаниҳои вазири умури хориҷаи режими наслкуши Исроил зидди Эрон мухолифи маншури устувор бар сулҳ ва дӯстии олимпӣ ва намунаи дигаре аз пойбанд набудани ин режим ба ҳинҷорҳо ва арзишҳои ҷаҳоншумул ва байналмилалӣ аст.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи режиме, ки дар 10 моҳи гузашта бо ба хоку хун кашидани даҳҳо ҳазор фаластинии бегуноҳ иборат аз зану мард ва кӯдак, марзҳои сангдилиро дарнавардидааст, беш аз онки қобил бовар бошад, мазҳакаомез аст.

 Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон зимни орзуи муваффақият барои корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рақобатҳои олимпии Париж, барои миллат ва давлати Фаронса низ дар мизбонӣ ва баргузории шоиста ва ҳамроҳ бо амнияти комили бузургтарин рӯйдоди варзишии ҷаҳон, муваффақият орзу кард.