Рушди 6 дарсадии мубодилоти тиҷории Эрон бо 15 кишвари ҳамсоя
Мубодилоти тиҷории Эрон бо 15 кишвари ҳамсоя дар 4 моҳаи ибтидои имсол ба ҳудуди 20 миллиард доллар расид, ки дар муқоиса бо соли гузашта аз назари арзиш ба мизони 6 дарсад рушд доштааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , арзиши мубодилоти тиҷории Эрон ба 15 кишвар ҳамсоя дар 4 моҳаи ибтидоии имсол 19 миллиарду 820 миллиону 547 ҳазор доллар ва дар 4 моҳаи соли гузашта 18 миллиарду 687 миллиону 29 ҳазор доллар будааст, ки бар ин асос мубодилоти тиҷории Эрон дар 4 моҳаи ибтидои имсол ба лиҳози вазнӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 5 дарсад ва ба лиҳози арзишӣ 6 дарсад рушд доштааст.
Маҳдии Сафарӣ, муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам аз иштиёқи Арабистон барои ҳамкории иқтисодӣ бо Теҳрон хабар дод ва гуфт: Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Арабистон ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Маҳмуди Ризвонифар-раиси кулли Гумруки Эрон ахиран гуфт: Транзити хориҷӣ аз масири Эрон дар чаҳор моҳи гузашта бо 58/5 дарсад афзоиш дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл, ба 7 миллиону 622 ҳазор тон расидааст.