Июл 27, 2024 18:49 Asia/Dushanbe
  • Маросими савгандёди чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ

Маросими савгандёди ҳукми раёсатҷумҳурии оқои Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаб аз ҷониби Раҳбари инқилоби исломӣ, фардо соати 10 субҳ баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, маросими савгандёди ҳукми раёсатҷумҳурии оқои Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаб аз ҷониби Раҳбари инқилоби исломӣ, фардо соати 10 субҳ дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) ва бо ҳузури мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ, руасо ва асотиди ҳавза ва донишгоҳ, намояндагони аснофи мухталиф, ҷамъе аз хонаводаҳои муаззами шуҳадо ва суфарои муқим дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Маросими савгандёди ҳукми чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ ҳамчунин ба сӯрати зинда аз вебсайтҳои “khamenei. Ir” ва “leader.ir” пахш хоҳад шуд.

 

Барчасп