Ҳигматона дар Юнеско сабт шуд
(last modified Sun, 28 Jul 2024 06:38:31 GMT )
Июл 28, 2024 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳигматона дар Юнеско сабт шуд

Теппаи таърихии Ҳигматона, ғарби Эрон, дар чиҳилу шашумин иҷлоси кумитаи мероси ҷаҳонии Юнеско дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ қарор гирифт.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,дар ин нишаст, ки аз 21 то 31 июл 2024 дар Деҳлии нав (Ҳинд) дар ҳоли баргузорӣ аст, парвандаи Ҳигматона пешниҳодшуда аз сӯи Эрон барои сабти ҷаҳонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки бо мувофиқати аъзо ба тасвиб расид.

 Мавзеи таърихии Ҳигматона, ки дар шаҳри Ҳамадон, ғарби Эрон, қарор дорад ба давраи модҳо мансуб буда ва номи худро аз Ҳигматона-пойтахти давлати модҳо иқтибос кардааст.

Бар асоси ковишҳои бадастомада аз сӯи иддае аз бостоншиносон, осори кашфшуда дар ин шаҳри таърихӣ марбут ба давраи модҳо, ашкониён ва давраҳои пас аз он аст; албатта осоре аз давраи ҳахоманишиён низ аз ин мавзеъ таърихӣ кашф шуда, ки баёнгари истиқрори сиёсии давлати ҳахоманишиён дар Ҳамадон аст.

 Ҳигматона ба маънои" маҳалл таҷаммӯъ" буда ва аз ду вожаи порсии бостон "ҳигмато" ба маънои гирд омадан ва пасванди исми макон "на" ташкил шудааст.

 Мероси ҷаҳонии Юнеско номи аҳдномаи байналмилалӣ аст, ки дар таърихи 16 ноябр 1972 ба тасвиби конфронси умумии Юнеско расид.

 Мавзӯъи он ҳифзи осори таърихӣ, табиӣ ва фарҳнагии башар аст, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад ва мутааллиқ ба тамоми инсонҳои замин, фориғ аз нажод, мазҳаб ва миллияти хосс мебошад.

 То кунун 27 асари таърихӣ ва табии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Юнеско сабт шудааст.