Июл 28, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар иродаи мутақобили Эрон ва Чин барои пешбурди ҳамкориҳо

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар иродаи мутақобили раҳбарон ва давлатҳои Эрон ва Чин барои пешбурди ҳамкориҳо таъкид кард.

 Ба гузориши ИРНА,Алии Боқирии Канӣ дар дидори Зонг Пей Во-сафири Чин дар Теҳрон таҳкими ҳамкории Эрон ва Чин ба унвони ду бозигари таъсиргузор дар арсаи байналмилал дар созу корҳои чандҷониба аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва гурӯҳи БРИКС-ро мукаммили ҳамкориҳои рӯ ба тавсеаи ду кишвар хонд.

 Боқирии Канӣ бо мусбат арзёбӣ кардани мавозеъ ва нигоҳи Чин ба таҳаввулоти Ғазза, бар тақвияти ройзаниҳо барои таваққуфи фаврӣ ва бидуни қайд ва шарти ҷиноят ва наслкушии режими саҳюнистӣ таъкид кард.

 Сафири Чин дар Теҳрон низ эътимоди мутақобили сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чинро бунёди маҳками ҳамкорӣ дар сояи ҳамфикрии раҳбарони олии ду кишвар донист ва бар иродаи Пекин бар иҷрои барномаи ҳамкориҳои ҷомеъ миёни ду тараф таъкид кард.

Зонг Пей Во ҳамчунин бо ишора ба паёми табрики раисҷумҳури Чин ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон, бар азми Пекин дар пайгирии тавофуқоти дуҷониба ва пешбурди ҳамкориҳои чандҷониба бо Теҳрон ишора кард ва гуфт, ҳайати олирутбаи Чин дар оини адои савганди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат хоҳад кард.

 

 

Барчасп