Интиқоди Эрон аз иқдоми исломситезонаи давлати Олмон дар таътилии марказҳои исломӣ
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Олмон бояд омодаи пазириши паёмадҳои иқдоми исломситезона дар таътилии марказҳои исломӣ бошад.
Ба гузориши ИРНА,Алии Боқирии Канӣ дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Аналена Бурбок- вазири умури хориҷаи Олмон дар бораи иқдоми ғайриқонунӣ ва хилоф бо ҳуқуқи башари полиси Олмон дар бастани марказҳои исломӣ дар ин кишвар, аз ҷумла Маркази исломии Гамбург суҳбат кард.
Вай тасреҳ кард, таътилии марокизи исломӣ дар Олмон як иқдоми сиёсӣ ва дар ростои исломситезӣ ва низ таъмини манофеъи режими саҳюнистӣ аст ва давлати Олмон бояд паёмадҳои онро бипазирад.
Вазири умури хориҷаи Олмон низ гуфт, тибқи қонун марокизи исломӣ метавонанд ҳуқуқи худро аз тариқи созукорҳои қонунӣ дар Олмон думбол кунанд.
Аналена Бурбок бо таъкид бар талош ба манзури ёфтани роҳиҳалҳое барои ҳалли ихтилофоти ба вуҷуд омада, ибрози умедворӣ кард, бо гуфтугӯ ва аз масири дипломатӣ монеъаҳои мавҷуд дар робитаҳо рафъ шаванд.
Полиси Олмон рӯзи чаҳоршанбе 24 июл ба "Маркази исломии Гамбург" ҳамла ва ҳамзамон Вазорати дохилаи Олмон низ дар баёнияе эълом кард, фаъолияти ин маркази исломӣ ва созмонҳои тобеъи онро мамнуъ кардааст.