Роҳёбии ҷавонони волейболи Эрон ба финали Осиё
Тими миллии волейболи ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ муқобили Индонезия ба финали қаҳрамонии Осиё сууд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии волейболи ҷавонони Эрон дар марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё рӯзи душанбе ба масофи Индонезия рафт ва бо пирӯзӣ муқобили ин тим, финалист шуд.
Миллипӯшони Эрон муваффақ шуданд, ҳарифи худро дар се сети паёпай ва бо имтиёзҳои 25 бар 21,25 бар 14 ва 25 бар 16 шикаст бидиҳанд ва ба финали ин давра аз рақобатҳо сууд кунанд.
Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз (сешанбе) аз соати 15/30 дақиқа дар финали ин мусобиқот ба масоф ҳам мераванд.
Тими волейболи навҷавонони Эрон низ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо шикасти Филиппин ба дуюмин бурди худ даст ёфт.
Тими волейболи навҷавонони Эрон дар дуюмин дидори худ дар ин рақобатҳо ба масофи Филиппин рафт ва се бар сифр ба пирӯзӣ расид.
Марҳалаи гуруҳии рақобатҳои волейболи қаҳрамонии зери 18 соли 2024 Осиё аз рӯзи якшанбе дар Маномаи Баҳрайн оғоз шуд ва ба муддати ҳашт рӯз идома хоҳад дошт.