Июл 30, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Арманистон бо Раҳбари инқилоби исломӣ
    Дидори нахуствазири Арманистон бо Раҳбари инқилоби исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар мавзеи Эрон дар қиболи Арманистон гуфтанд, масири Зангизӯр бар зарари Арманистон аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар дидори Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва ҳайати ҳамроҳ, сиёсати қатъӣ ва собити Ҷумҳурии исломии Эронро густариши равобит бо ҳамсоягон, ба вижа Арманистон донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон зимни ташаккур аз ҳузури нахуствазири Арманистон дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Эрон ва ҳамчунин маросими ташйиъи шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури шаҳиди Эрон, бар ҳифзи тамомияти арзии Арманистон таъкид карданд ва гуфтанд: Ҷумҳурии исломии Эрон масири Зангизӯрро ба зарари Арманистон медонад ва ҳамчунон бар ин мавзеи худ истодагӣ дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки бегонагон набояд барои равобити кишварҳо бо ҳамсоягони худ маҳдудият эҷод кунанд, афзуданд: Он чизе ки амнияту салоҳи кишварҳоро таъмин мекунад, иттико ба худ ва наздикони худ аст ва иқдомоти бархеҳо, ки аз роҳи дур меоянд ва дар умури дигар кишварҳо дахолат мекунанд, ба зарари онҳо тамом мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ эҳтиром ба ҳазрати Масеҳ (а)-ро як мавзӯи мусалламу қатъӣ миёни мусулмонон донистанду гуфтанд: Ин иҳонатҳое, ки ба бузургони адёни илоҳӣ, аз ҷумла ҳазрати Масеҳ (а) мешавад, аз назари мо маҳкум аст.

Нахуствазири Арманистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз равобити рӯ ба густариши ду кишвар гуфт, Арманистон борҳо эълом кардааст, ки ҳеҷ масири фароминтақаиро дар дохили кишвари худ намепазирад.

 

Барчасп