Июл 30, 2024 19:48 Asia/Dushanbe

Нуҳумин раисиҷумҳури Эрон дар маросими савгандёди чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ, дар баробари намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ савганд ёд кард.

Чаҳордаҳумини давраи маросими таҳлифи Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон, имрӯз (сешанбе) дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши ИНРА, Масъуди Пизишкиён, нуҳумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чаҳордаҳумин давраи маросими таҳлиф тибқи асли 121 қонуни асосӣ дар баробари намояндагони маҷлис савганд ёд кард, ки ҳамаи истеъдоду салоҳияти хешро дар роҳи ифои масъулиятҳое, ки ба ӯҳда гирифта, бакор гирад.

Дар маросими савгандёди чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон, раиси қувваи қазоия, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ, бархе аз сафирон, меҳмонони хориҷӣ ва фиристодаҳои вижаи кишварҳои даъват шуда дар саҳни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ҳузур доштанд.

 

Барчасп