Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори нахуствазири Ироқ:
Муҳимтарин авлавият, амалиётӣ шудани тавофуқоти ду кишвар аст
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори нахуствазири Ироқ муҳимтарин авлавиятро амалиётӣ шудани тавофуқоти ду кишвар донистанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидор Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқу ҳайати ҳамроҳ, бо ишора ба тафоҳумномаҳо ва асноди имзо шуда, миёни Эрону Ироқ дар давраи шаҳид Саидиброҳими Раисӣ бар лузӯми пайгирии ин тавофуқномаҳо ва амалиётӣ шудани онҳо дар давраи ҷадид таъкид карданд ва афзуданд: Бояд суръати иҷрои тавофуқномаҳои дуҷониба афзоиш ёбад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо қадрдонӣ аз талошҳо ва заҳамоти мардуму давлати Ироқ барои заминасозии баргузории матлӯбу бошукӯҳи роҳпаймоии даҳҳомиллионии Арбаъини Ҳусайнӣ, пайгирии парвандаҳои корӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрону Ироқ ва ба саранҷом расондани онҳоро аз авлавияти равобити ду кишвар дар давраи ҷадид баршумурданд.
Нахуствазири Ироқ низ бо табрики баргузории муваффақиятомези интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ибрози умедворӣ кард, тавофуқҳои анҷом шуда, миёни Эрону Ироқ дар давраи ҷадид ба марҳалаи амал барисанд.
Ал Судонӣ бо қадрдонӣ аз мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза гуфт: Ин режим аз тамоми хутути қирмизи байналмилалӣ ва инсонӣ убӯр кардааст ва мавзеи мардумӣ ва расмии Ироқ дар қиболи ин ҷиноёт собит ва мустамар аст ва давлати Ироқ дар иртиботи доим бо кишварҳое аст, ки дорои мавзеи муштарак ҳастанд.