Июл 31, 2024 12:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Бейрутро шадидан маҳкум кард

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба як бинои истиқоматӣ дар Бейрутро маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон сешанбешаб иртикоби ин ҳамла тавассути режими саҳюнистиро нақзи ошкори ҳокимияту тамомияти сарзаминии Лубнон ва нақзи фоҳиши қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва Маншури милал муттаҳид донист.

Вай таъкид кард, иқдоми разилона ва ҷиноятомези бонди ҷинояткори саҳюнистӣ дар минтақаи Зоҳияи Бейрут, қатъан наметавонад фарзандони ғаюри миллату муқовимати сарафрози Лубнонро аз идомаи масири шарофатмандонаи ҳимоят аз мазлӯмони фаластинӣ ва истодагӣ дар муқобили хуи таҷовузгарии режими апартеиди Исроил боз дорад.

Канъонӣ бо таъкид бар ҳаққи машруъи давлат, артишу муқовимати Лубнон дар посух ба иқдомоти таҷовузкоронаи режими ғосиби саҳюнистӣ, масъулияти густариши доманаи танишу буҳрон дар минтақаро мутаваҷҷеҳи режими ҷаълии Исроилу давлати Амрико донист ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост сареъан ба масъӯлияти худ дар қиболи таҳдидоти режими Исроил алайҳи амнияти Лубнону сулҳу суботу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ амал намоянд.

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ибрози таслият ба хонаводаҳои шуҳадои ин ҳамлаи таҷовузкорона ва орзӯи шифои оҷил барои маҷрӯҳон, бо давлату миллати Лубнон ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ кард.

 

Барчасп