Август 02, 2024 19:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳамкории Эрон ва Русия дар ҷилавгирӣ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири хориҷаи Русия гуфт: Ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав метавонад ҷилави иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ба хатар андохтани сулҳу суботи минтақаро бигирад.

Алии Боқирӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар хусуси иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва таарруз ба тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Боқирӣ, ки режими саҳюнистӣ аз хатти қирмиз убур карда ва сулҳу суботи минтақаӣ ва байналмилалиро ба хатар андохтааст, бинобар ин Ҷумҳурии Исломии Эрон бетардид аз ҳаққи зотӣ ва машрӯи худ дар дифоъ ва ҳаросат аз тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ истифода хоҳад кард.

 Вай дар идома зимни қадрдонӣ аз Русия дар ҳимоят аз дархости Эрон барои баргузории ҷаласа фавқулодаи ин шӯро, иқдоми Амрико ва кишварҳои Аврупо дар ҷилавгирӣ аз маҳкумияти террори шаҳид Ҳания дар Теҳронро тақбеҳ кард.

Вазири хориҷаи Русия низ дар ин тамоси телефонӣ зимни маҳкум кардани террор Ҳания ва нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Эрон тавассути режими Исроил, таъкид кард: Агарчӣ Амрико ва Аврупо монеи маҳкум намудани ин иқдоми таҷовузкорона тавассути Шӯрои амният шуданд, аммо Русия пешнависи баёнияеро дар чорчуби Гурӯҳи дӯстони маншури Милали муттаҳид дар маҳкумияти ин иқдоми таҷовузкорона таҳия карда, ки ба зуддӣ дар Созмони милал ниҳоӣ ва содир хоҳад шуд.

 

Барчасп