Боқирии Канӣ: Режими саҳюнистӣ сулҳу  амнияти минтақаро ба мухотира андохтааст
(last modified Fri, 02 Aug 2024 15:23:37 GMT )
Август 02, 2024 20:23 Asia/Dushanbe
  • Боқирии Канӣ: Режими саҳюнистӣ сулҳу  амнияти минтақаро ба мухотира андохтааст

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, режими саҳюнистӣ, сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалиро ба таври ҷиддӣ ба мухотира андохтааст.

Алии Боқирии Канӣ, дар идомаи райзаниҳои телефонии худ дар хусуси зарурати таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ, бо Айман ас-Сафади, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Урдун дар хусуси табаоти иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондан Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ройзанӣ ва табодули назар кард.

Боқирӣ гуфт, дар 10 моҳи гузашта саҳюнистҳо Ғаззаро ба хоку хун кашида ва акнун доираи ҷиноёти худро ба берун аз сарзаминҳои ишғолӣ густариш додаанд.

Вай бо ишора ба пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории нишасти изтирории вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ, хостори ҳимояти Урдун аз ин пешниҳод низ шуд.

Айман ас-Сафади дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баргузории нишасти фаврии Созмони Ҳамкории Исломӣ барои муқобила бо иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ ҳимоят кард ва ҳамчунин, ҷинояти режими саҳюнистӣ дар террори шаҳид Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кард.

Вай ҳамчунин афзоиши таниш дар минтақаро хости режими саҳюнистӣ донист ва бар зарурати талош барои ҷилавгирӣ аз густариши доманаи ҷанг дар минтақа, таъкид кард.