Интиқоди Эрон аз инфиоли Шӯрои амният дар маҳкумияти ҷиноёти Исроил
Сарпарасти вазорати хориҷаи Эрон аз талоши бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳамроҳӣ бо Амрико барои ҷилавгирӣ аз маҳкумияти террори шаҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос аз сӯи Шӯрои амният интиқод кард.
Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дар хусуси табаоти иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳания ва паёмадҳои сиёсӣ ва амниятии ин ҷинояти бузург дар нақзи амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нақзи суботи минтақаӣ, ройзанӣ ва гуфтугӯ кард.
Боқирӣ иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳания дар Теҳронро илова бар таҷовуз ба тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нақзи ҳокимияти миллӣ, мӯҷиби ба хатар андохтани сулҳу суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ донист ва гуфт: Эрон ба таври қатъ аз ҳаққи зотӣ ва машрӯъи худ барои муҷозоти режими ҷаълии Исроил истифода хоҳад кард.
Вай дар идома бо ишора ба баргузории ҷаласа фавқулодаи Шӯрои амнияти Созмони милал ба дархости Ҷумҳурии Исломии Эрон сукут ва ҳамроҳии бархе кишварҳои аврупоӣ бо Амрико дар ҷилавгирӣ аз маҳкумияти террори шаҳид Ҳания ва ҳамчунин дар қиболи ҷангафрӯзии саҳюнистҳо дар Яман ва Лубнонро мӯҷиби тарғиб ва ташвиқи ин режим дар тадовуми иқдомоти таҷовузкоронаи худ донист, ки мунҷар ба мухотира андохтани сулҳу субот дар минтақа хоҳад шуд.
Боқирӣ дар поён гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд дар ростои ифои масъулияти худ барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ бо эъмоли фишор бар режими саҳюнистӣ монеъ аз истимрори ҷиноёти ин режим шавад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар ҳаққи машрӯъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти сарзаминии худ, нисбат ба афзоиши таниш ва шаклгирии як ҷанги тамомиёр дар минтақа ва осор ва аворизи он барои мардуми минтақа ибрози нигаронӣ кард.