Август 03, 2024 12:47 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими волейболи навҷавонони Эрон ба пайкорҳои ҷаҳонии 2025

Тими волейболи навҷавонони Эрон бо шикасти Баҳрайн, роҳии марҳалаи ниманиҳоии қаҳрамонии зери 18 соли Осиё шуд ва муҷаввизи ҳузур дар пайкорҳои ҷаҳонии соли 2025-ро ба даст овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, марҳалаи дувуми рақобатҳои волейболи қаҳрамонии зери 18 соли 2024 Осиё якуми август дар Маномаи Баҳрайн оғоз шуд то ҳашт тими бартар дар қолаби ду гурӯҳ барои роҳёбӣ ба марҳалаи ниманиҳоӣ талош кунанд ва ҳашт тими дувум барои касби мақомҳои ҳаштум то шонздаҳум ба масофи ҳам раванд.

Тими волейболи навҷавонони Эрон дар дувумин дидори марҳалаи дувуми мусобиқот ба масофи Баҳрайн рафт ва се бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Бо касби ин натиҷа миллипушони Эрон ба дувумин бурди худ дар марҳалаи дувуми мусобиқот даст ёфтанд ва роҳии марҳалаи ниманиҳоӣ шуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба саҳмиябандии федератсияи ҷаҳонӣ, ки чаҳор тими нахусти ин рақобатҳо муҷаввизи ҳузур дар мусобиқоти қаҳрамонии навҷавонони ҷаҳони 2025-ро ба даст меоваранд, тими волейболи навҷавонони Эрон бо ин бурди арзишманд муҷаввизи ҳузур дар ин рақобатҳоро ба даст овард ва ҷаҳонӣ шуд.

Тими миллии волейболи навҷавонони Эрон дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба масофи Ҷопон хоҳад рафт.

 

Барчасп