Дидори муовини аввали раисиҷумҳури Эрон бо Амири Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i116490
Амири Қатар дар дидор бо муовини аввали раисиҷумҳури Эрон таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 03, 2024 13:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини аввали раисиҷумҳури Эрон бо Амири Қатар

Амири Қатар дар дидор бо муовини аввали раисиҷумҳури Эрон таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин дидор дар Давха ва дар ҷараёни сафари Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ба Қатар барои хоксупории пайкари шаҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос анҷом шуд.

Ориф рӯзи ҷумъа ба манзури ширкат дар маросими хоксупории шаҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос вориди Давха пойтахти Қатар шуд.