Август 03, 2024 13:49 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали Эрон номзади бартарин тими ҷаҳон

 Тими миллии футзали Ҷумҳурии Исломии Эрон, номзади бартарин тими миллии ҷаҳон дар соли 2023 шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сайти футзал планет, ки ҳар сола беҳтаринҳои ҷаҳонро дар ин ришта муаррифӣ мекунад, гузинаҳои 10 тими бартари футзали ҷаҳон дар соли 2023-ро эълом кард.

Сайти футзал планет дар идомаи муаррифии гузинаҳои беҳтаринҳои соли 2023 дар радаи тимҳои миллӣ, номи Эронро дар миёни номзадҳо қарор дод.

Тими миллии Эрон барои тасоҳуби унвони беҳтарин тими футзали ҷаҳон бояд бо Бразилия, Аргентина, Португалия, Марокаш, Афғонистон, Франса, Япония, Испания ва Узбакистон ба рақобат бипардозад.

Пе аз ин низ тими миллии футзали занони Эрон ба унвони яке аз 10 тими бартари футзали занони ҷаҳон аз сӯи футзал планет баргузида шуда буд.

 

Барчасп