Август 04, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Қатар бар зарурати оташбаси фаврӣ дар Ғазза

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Амири Қатар бар дидгоҳҳои муштарак Теҳрон ва Давҳа дар хусуси масоили минтақаӣ, бавижа ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва зарурати оташбаси фаврӣ ва шарофатмандона дар Ғазза таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар аввалин маъмурияти хориҷии худ ба манзури ширкат дар маросими ташйиъ ва хоксупории шаҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ба Қатар сафар карда буд бо Тамим ибни Ҳамад Ол Сонӣ, амири Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор ду тараф зимни таъкид бар дидгоҳҳои муштараки Теҳрон-Давҳа дар хусуси муҳиммтарин масоили минтақаӣ, бавижа ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва зарурати оташбаси фаврӣ ва шарофатмандона, пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ташкили иҷлоси фавқулъодаи вузарои кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломиро баррасӣ карданд.

 

Барчасп