Август 08, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисиҷумҳури Эрон ба медоловарони олимпии Порис

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қаҳрамонии Муҳаммадҳодии Соравӣ дар куштии фарангӣ ва медоли брунзи Мубинои Неъматзода дар Мусобиқоти тхэквондои олимпии 2024 Порисро табрик гуфт.

Муҳаммадҳодии Соравӣ, капитани тими миллии куштии фарангии Эрон бо шикасти ҳарифи номдори арманистонии худ ба медоли тиллои вазни 97 килограми олимпии 2024 Порис расид.

Ҳамчунин Мубино Неъматзода бонуи тхэквондокори вазни 49 - килограми Эрон бо бартарӣ муқобили намояндаи Арабистон ба медоли брунз даст ёфт .

Пеш аз ин Амини Мирзозода дар вазни 130 килограм муқобили куштигири Ҷумҳурии Озарбойҷон ба пирӯзӣ расид ва ба медол брунза расид.

Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб дар паёме дар шабаки иҷтимоии  “Х”, касби медоли тиллои Муҳаммадҳодии Соравӣ, куштигири вазни 97 килограм, медоли брунза Мубино Неъматзода, бонуи тхэквондокори вазни 49 - килограму медоли брунз Амини Мирзозода, куштигири 130 килограмро табрик гуфт .

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳам касби медоли тиллои олимпии Порис дар риштаи куштии фарангиро табрик гуфт ва афзуд, паҳлавони арзандаи Эрон дили миллатро бо медоли тилло шод кард.

Вай ҳамчунин дар паёме касби медоли брунзи Мубино Неъматзода  ва Амини Мирзозодаро ҳам табрик гуфт.

33-умин давраи Бозиҳои олимпии 2024 Порис, 26 июли оғоз ва то 11 август идома дорад.

Корвони Эрон бо 40 варзишкор дар ин рақобатҳо ширкат кардааст.