Истиқболи БРИКС аз пешниҳоди Эрон барои табодулоти молӣ
(last modified Fri, 09 Aug 2024 13:35:17 GMT )
Август 09, 2024 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон бо кишварҳои узви БРИКС
    Ҳамкории Эрон бо кишварҳои узви БРИКС

Ба гузориши Ирна, Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия бо ишора ба ин ки кишварҳои таҳти таҳрими Ғарбу Амрико дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва бисёре аз созукорҳои пуливу бонкии байналмилалӣ дар Ғарб мутамаркиз аст, гуфт: Кишварҳои узви гуруҳи БРИКС бо тарроҳии созукорҳои ҷадиди пуливу бонкӣ дар табодулоти мутақобил ҳамкориҳоро иртиқо диҳанд.

Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба ин ки пешниҳоди Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи тарҳи арзи БРИКС мавриди тавваҷуҳи Русия (ба унвони раиси давраии гуруҳи БРИКС дар соли 2024) шуд, гуфт: Созукорҳои ҷадиди молии гуруҳи БРИКС метавонад шомили иттисоли паёмрасонҳои кишварҳои узв шавад ва ҳатто метавонад мабоҳисе ҳамчун мубориза бо пулшӯӣ дар кишварҳои узвро дунбол кунад.

Эрону Русия дар чорчӯби таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар ҳавзаи иқтисоду тиҷорат ва тарокунишҳои молӣ дар тӯли солҳои ахир, ба тавофуқи хубе барои эҷоди тарокунишҳои молӣ бо истифода аз пӯлҳои миллии ду кишвар даст ёфтаанд.

Гуруҳи иқтисодҳои навзуҳур соли 2006 бо мушорикати Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин таъсис шуд. Африқои Ҷанубӣ дар соли 2010 ба ин гуруҳ пайваст ва ба дунболи он номи гуруҳ аз БРИК ва БРИКС тағйир ёфт.