Ҳаштумин медоли Эрон дар олимпӣ ба ранги нуқра
Меҳрони Бархӯрдорӣ, миллипӯши тэквандои Эрон ба медоли нуқра дар Бозиҳои олимпии 2024 Порис даст ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори муборизаи ниҳоии вазни 80 - килограмми мусобиқоти тэквандо дар Бозиҳои олимпии 2024 Порис шаби гузашта баргузор шуд ва Меҳрони Бархӯрдорӣ, миллипӯши Эрон бо ранкинги ҷаҳонии 8 муқобили Фирос Котосӣ, нафари 6 ранкинги ҷаҳонӣ аз Тунис қарор гирифт.
Бархӯрдорӣ, ки дар масири ҳузур дар финал ҳарифони узбекистонӣ, итолиёӣ ва аз Кореяи Ҷанӯбиро шикаст дода буд, дар финали тайи ду ронд ва бо натиҷаи 2 бар сифр баробари Котосӣ шикаст хӯрд ва ба медоли нуқра басанда кард.
Миллипӯши Эрон дар ронди аввали 4 бар 2 ва дар ронди дувум 5 бар як бохт.
Медоле, ки Бархӯрдорӣ дишаб гирифт, ҳаштумин медоли корвони Эрон буд.
Корвони Ҷумҳурии Исломии Эрон то поёни рӯзи чаҳордаҳумин муваффақ ба касби 2 тилло, 4 нуқра ва 2 брунз шудааст.