« Хоҷа Насируддин » Эрон чигуна муғулҳоро мутаҳаввил кард ? Нигоҳе ба 6 иқдоми муҳим
(last modified Mon, 12 Aug 2024 07:45:37 GMT )
Август 12, 2024 12:45 Asia/Dushanbe
  • « Хоҷа Насируддин » Эрон чигуна муғулҳоро мутаҳаввил кард ? Нигоҳе ба 6 иқдоми муҳим
    « Хоҷа Насируддин » Эрон чигуна муғулҳоро мутаҳаввил кард ? Нигоҳе ба 6 иқдоми муҳим

Порс Тудей - Тибқи иттилооти торихӣ , Хоҷа Насир бо таъсиси мадрисаи Мароға ва тавсеаи улӯми мухталиф аз тариқи шогирдоне ки тарбият кард бахши муҳиммӣ аз тарбияти наслҳои баъдии муғулро ба даст гирифт .

Таҳаввули муғулҳо пас аз вуруд ба Эрон , яке аз муҳимтарин вақоёи торихӣ аст ки ба хуби нишондиҳандаи таъсири фарҳангӣ ва илмии эрониён бар ин қавмаст . Ин таҳаввул умдатан аз тариқи шахсиятҳои барҷастае ҳамчун вазиру ҳаким бо кифояти эронӣ « Хоҷа Насирудини Тусӣ » ( 579–672 ҳиҷрӣ ) ( 1201–1274-и милодӣ ) ва бо таъкид бар эҷоди тавозуну эътидол дар андеша ва рафтори муғулҳо сӯрат гирифт . Дар ин матлаб аз маҷаллаи Порс Тудей, ба баррасии чанд иқдоми калидӣ ба вижа аз сӯй « Хоҷа Насирудини Тусӣ » дар таҳаввулсозии нигаришӣ ва фикрӣ барои муғулон пардохта шудааст :

1 . Ошносозии муғулон бо нигоҳи илмӣ ва андешаи милал

« Хоҷа Насирудини Тусӣ » бо вуруд ба дарбор « Ҳалокухон » муғул , нақши муҳиммӣ дар тарвиҷи илм ифо кард . Ӯ бо таҳриру таълифу тарҷумаи осории илмии меҳвар , заминасозии эҳёии тафаккурии мутафовит ва илмгаро дар миёни бахше аз муғулҳо Хоҷа Насирудини Тусӣ дар даврае ки авзоъ дар қалъаи Аламут ошуфта буд , манзалате назд Исмоилиён ёфт ки барасоис он тавонист саргарми фаъолиятҳои илмиаш шавад ва китоб бинависад . “ Тарҷумаҳои сӯрат гирифтаи зериназари Хоҷа Насирудини низ сабаби ошношудани муғулон бо фарҳанги дигар милал шуд . Яке аз муҳимтарин иқдомоти Хоҷа Насирудини Тусӣ , таъсиси расадхонаи Мароға дар соли 657 ҳиҷрии қамарӣ буд . Ин расадхона бо ҳимояти Ҳулокухон муғул ба маркази илмии бузурги замони худ табдил шуд.  Хоҷа Насирудини Тусӣ бо истифода аз ин мавқеъият , донишмандони бисёреро аз саросари ҷаҳони ислом гирд овараду пояҳои илмии ҷадидиро банно ниҳод ки ба таҳаввули андешаи муғулҳо ва тағйири нигоҳи онҳо ба ҷаҳон мунҷар шуд.

2 . Тарсими масири эътидол

Яке аз нукоти калиди дар андешаи Хоҷа Насируддин , пайванди дину сиёсат ва талош барои эҷоди тавозуни миёни онҳо буд . Ӯ муътақид буд ки саодат дар гарави пайдо кардани хати эътидол ва ҳади васати байни ифроту тафрит ба вижа дар ҳавза сиёсат аст . Ин дидгоҳи ӯ боис шуд то бахше аз муғулон ҳамчун Ҳулокухон ки мутаассир аз ӯ буданд то андозае аз хушунат ва бе раҳмии ифроти ношӣ аз мавҳумоти мунтасаб ба дини фосила гирифта ва ба ҳукӯмате бо рӯйкарди муътадилтар рӯй биоваранд .

3 . Ошносозӣ бо ақлоният ва нигариши эронӣ

Хоҷа Насир ҳамчунин бо эҳёии осори фалсафии Ибни Сино ва тарвиҷи тафаккури ақлонӣ , нақши муҳиммӣ дар таҳаввули фикрии муғулҳо ифо кард . Ба гуфтаи « Ҳасани Ансорӣ » , муҳаққиқи таърих “ Хоҷи Насир бо навиштани шарҳи ашорот бар эҳёии суннати куҳани фалсафаи Ибни Сино даст гузошт . “ Ин амр боис шуд то муғулҳо навъи дигаре аз ҷаҳонбиние. ки аз қазо ҳам дингаро буд ва ҳам дунёгаро биомузанд ва ба ҷои такя бар хушунати сарф , ба андешидани аҳамияти бештари бидиҳанд .

4 . Таъсмси мадрисаи Мароға ва  тарбияти фарзандони муғул

Хоҷа Насир бо таъсиси мадрисаи Мароға ва тавсеаи улӯми мухталиф аз тариқи шогирдоне ки тарбият кард , бахши муҳиммӣ аз тарбияти наслҳои баъдии муғулро бадаст гирифт . Ин мадриса на танҳо марказе барои омӯзиш ва пажӯҳиш шуд , балки нишон дод ки муғулҳо низ метавонанд бо баҳра аз фарҳангу дониши эронӣ , худ холиқи фикр ва ҳунар бошанд .

5 . Барномарезӣ барои ҳифзу тақвияти ҳувияти эронӣ бо ҳадафи тағйири сабки зиндагии муғулон

Хоҷа Насир ҳамчунин бо тарҳу иҷрои як пружеи миллӣ , талош кард то ҳувияти эрониро дар баробари муғулҳо ҳифз ва тақвият кунад . Ӯ бо асолат додан ба фарҳанги эронӣ - исломӣ ва бо барҷаста кардани абъоди мухталиф ва зиндагии меҳвари он дар зеҳни муғулон , муваффақ шуд онҳоро таҳти таъсири ин фарҳанг қарор диҳаду заминасози таҳаввулии амиқ дар сабки зиндагии он ҳо шавад . Ансорӣ дар ин бора мегӯяд : « Ба гумони ман Хоҷа Насир аз солҳо қабл ин масоилро дар зеҳни хеши парварда буд . »

6 . Танзими усӯли ахлоқӣ ва тарвиҷи онҳо

Дар канори онҳо Хоҷа Насири баъди омӯзиш мабноеи ахлоқро низ фаромӯш накард ва бо нигориши ахлоқи Носирӣ , мафоҳими ахлоқӣ ва сиёсиро ба гӯнае дар ҳам омехт ки таъсири амиқӣ бар муғулҳо гузошт . Ин китоб нишондиҳандаи эътидоли фикрии Хоҷа Насир ва талоши ӯ барои пайванд додани ахлоқ бо сиёсат буд . « Муҳаммадҷаводи Анворӣ » аз пажӯҳишгарони ин ҳавза дар ин замина мегӯяд : « ахлоқи Носирӣ , як нигориши фалсафӣ ба забони форсӣ аст ва Хоҷа дар ин китоб , ахлоқро бо дину сиёсат пайванд додааст . »

Ниҳоятан инки ин нукот ки ба таври мухтасар баён шуд нишон медиҳанд ки эрониён , ба вижа аз тариқи  Хоҷа Насирудини Тусӣ , чигуна заминасозӣ карданд то бо тағйири нигариши муғулҳо , онҳоро аз қавми ваҳшӣ ва бераҳм ба алоқамандон ва сиёсатгузорони фарҳангӣ ва илмӣ табдил кунанд . Ин таҳаввул на танҳо муғулҳоро ба самти эътидол ва тавозун дар сиёсату ахлоқ савқ дод , балки заминасози эҳёи фарҳангу ҳувияти мутаъолӣ дар онҳо мубтанӣ бар бофтори эронӣ - исломӣ шуд .