Август 13, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Пизишкиён бар тавсеаи равобит бо кишварҳои аврупоӣ бар пояи эътимодсозии муштарак

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо зарурӣ донистани рафъи мавонеъи иртиқои равобити Эрон ва кишварҳои аврупоӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони тавсеаи равобит бо ҳамаи кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон бар пояи дӯстӣ, эътимодсозии муштарак ва эҳтироми мутақобил аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар посух ба тамоси телефонии Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони тавсеаи равобит бо ҳамаи кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон бар пояи дӯстӣ, эътимодсозии муштарак ва эҳтироми мутақобил аст.

 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар шароите, ки режими саҳюнистӣ бо зери по гузоштани ҳамаи муоҳидот ва қавонини байналмилалӣ зимни истимрори ҷиноят ва наслкушӣ дар Ғазза, ба иқдомоти террористӣ дар дигар кишварҳо мубодарат карда ва амнияти минтақа ва сулҳи ҷаҳониро бо чолиш ва буҳрони ҷиддӣ мувоҷиҳ кардааст, интизор мардуми ҷаҳон аз кишварҳои аврупоӣ бавижа Олмон, нақшофаринии муассир дар ҷиҳати поён додан ба наслкушии саҳюнистҳо дар Ғазза ба ҷои ҳимоят ва пуштибонӣ аз ин режим аст.

Олаф Шолтс низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики интихоби Пизишкиён ба унвони раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қадрдонӣ аз мавозеи арзишманди вай, бар омодагӣ ва алоқамандии кишвараш барои иртиқои равобит бо Эрон дар ҳама заминаҳо таъкид кард.

Шолтс ҳамчунин барқарории сулҳу амният дар минтақаро аз аввалавиятҳои рӯйкарди Олмон нисбат ба Ғарби Осиё ва ҷаҳон унвон ва бар зарурати таваққуфи фаврии ҷанг ва хушунат дар Ғазза ва барқарории оташбас дар ин минтақа таъкид кард.

 

Барчасп