Август 13, 2024 13:25 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Созмони Милал: Амрико ҳоми ва мураввиҷи аслӣ тероризм аст
    Сафири Эрон дар Созмони Милал: Амрико ҳоми ва мураввиҷи аслӣ тероризм аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал Муттаҳид гуфт, Амрико ҳоми ва мураввиҷи аслии тероризм дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Еравонӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар номаи ба раиси шӯрои амният ва дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар бораи иттиҳомоти Амрикои зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳимоят аз тероризм дар минтақа тасреҳ кард музҳик ва хиҷолатовараст ки Амрико дар ҳолеи Ҷумҳурии Исломии Эронро муттаҳам мекунад ки худ ҳамзамон ба унвони ҳомии сарсахти режими Исроил аз наслкушии ин режими ҳимоят мекунад.

Еравонӣ бо ради иттиҳомот беасос ва маҳкумияти рафтори ғайримасъулонаи намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, кумакҳои таслеҳотии Амрико ба саҳюнистҳо барои идомаи террор ва куштори мардуми бегуноҳи Фаластин аз ҷумлаи кудакон ва занонро ёдоварӣ карду афзуд, охирин ҷинояти режими Исроили зидди ғайринизомиён бепаноҳ дар мадрасаи Алтобъин дар маркази шаҳри Ғазза дар рӯзи шанбеи 10 августи соли 2024 ки мунҷар ба шаҳодати ҳаддиақали 100 нафар аз мардум бегуноҳи Фаластин  аз ҷумла кудакон ва занон шуд, натиҷаи ҳамин ҳимояти бечуну чарои Амрико аст.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин гуфт, ҳимояти Амрико аз гуруҳҳои террористии феҳрист шудаи тавассути Созмони Милали Муттаҳид монанди ҷабҳаи Алнсраҳ дар манотиқи таҳти ишғоли худ дар  Арабии Сурия, нақзи ошкори маншури Созмони Милали Муттаҳид, ҳуқуқи байналмилал ва қатъномаҳои марбут ба шурои амният аст.

Барчасп