Август 14, 2024 11:47 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали Эрон, номзади бартарин тими ҷаҳон

Порс Тудей - Тими футзали Ҷумҳурии Исломии Эрон, номзади бартарин тими миллии ҷаҳон дар соли 2023 шуд.

Сайти Футзалпланет, ки ҳар сола беҳтаринҳои ҷаҳонро дар ин ришта муаррифӣ мекунад, гузинаҳои 10 тими бартари футзали ҷаҳон дар соли 2023-ро эълом кард.

Ба гузориши Порс Тудей, сайти Футзалпланет дар идомаи муаррифии гузинаҳои беҳтаринҳои соли 2023 дар раддаи тимҳои миллӣ, номи Эронро дар миёни номзадҳо қарор дод.

Тими миллии Эрон барои тасоҳуби унвони беҳтарин тими футзали ҷаҳон бояд бо Бразилия, Аргентина, Португалия, Марокаш, Афғонистон, Фаронса, Ҷопон, Испания ва Узбекистон ба рақобат бипардозад.

Пеш аз ин низ тими миллии футзали занони Эрон ба унвони яке аз 10 тими бартари футзали занони ҷаҳон аз сӯи Футзалпланет баргузида шуда буд.