Август 18, 2024 11:17 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Путин аз Пизишкиён барои ширкат дар иҷлоси сарони БРИКС

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав аз даъвати расмии раисиҷумҳури Русия аз раисиҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси сарони гуруҳи БРИКС хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав гуфт: Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси сарони БРИКС даъват кард, ки мавриди пазириши Пизишкиён қарор гирифт.

Сафири Эрон дар Маскав аз узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС (январи 2024) ба унвони яке аз муваффақиятҳои дастгоҳи дипломасии Эрон ном бурду афзуд: Ба хотири раёсати давраии Русия ва равобити хубе, ки бо ин кишвар дорем, Эрон дар ҳамаи руйдодҳои БРИКС дар олитарин сатҳ ширкат кард.

Ҷалолӣ афзуд: Дар иҷлоси сарони БРИКС дар бораи эҳтимоли имзои мувофиқатномаи ҷомеи ҳамкориҳои баландмуддати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия гуфтугу хоҳад шуд.

Гуруҳи иқтисодҳои навзуҳур соли 2006 бо мушорикати Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин таъсис шуд. Африқои Ҷанубӣ дар соли 2010 ба ин гуруҳ пайваст ва ба дунболи он, номи гуруҳ аз БРИК ба БРИКС тағйир ёфт.

Иҷлоси ояндаи сарони БРИКС, 22 то 24 октябр дар Казан, маркази Тотористони Русия баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп