Август 23, 2024 18:11 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 14 терруристи ДИИШ дар 4 устони Эрон
    Дастгирии 14 терруристи ДИИШ дар 4 устони Эрон

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дастгирии 14 терруристи ДИИШ-и дар 4 устон бо ҳамкории ҷомеъаи иттилоотии кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрони имруз ҷумъа дар баёнияи эълом кард дар амалиётҳои анҷом шудаи тавассути идороти кули иттилооти устонҳои Теҳрон, Албурз, Форс ва Хузистон бо ҳамкории ҷомеъаи иттилоотии кишвар, 14 нафар аз аносири ҳидоятшуда аз суи гуруҳаки амрикоӣ-саҳюнистии мавсум ба "ДИИШ-и Хуросон" шиносоӣ ва бо дастури марҷаъи муҳтарами қазоӣ дастгир шуданд.

Аъзои гуруҳи террористии ДИИШ дар чанд рузи ахир бо ҳадафи анҷоми амалиётҳои террористӣ ва ба сурати ғайриқонӯнии вориди Эрон шуда буданд.

Аз ин теъдод 7 унсури ДИИШ-и дар устони Форс ва 7 терруристи дигар дар устонҳои Теҳрон, Албурз ва Хузистон дастгир шуданд.

Image Caption

 

Барчасп