Таҷдиди мисоқи раисҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат Эрон бо ормонҳои Имом Хумайнӣ(р)
(last modified Sat, 24 Aug 2024 11:01:39 GMT )
Август 24, 2024 16:01 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди мисоқи раисҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат Эрон бо ормонҳои Имом Хумайнӣ(р)

Порстудей-Раисҷумҳур ва аъзои ҳайати давлати Эрон бо ҳузур дар ҳарами бунёнгузори Инқилоби исломӣ дар Теҳрон, бо ормонҳои Имом Хумайнӣ(р) таҷдиди мисоқ(паймон) карданд.

Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳур ва аъзои ҳайати давлати Эрон ба муносибати оғози ҳафтаи давлат дар ҳарами бунёнгузори Инқилоби исломӣ ҳузур ёфтанд.

 Ба гузориши Порстудей, Масъуди Пизишкиён дар ин оин гуфт: Аъзои ҳайати давлати Эрон бар сари паймоне, ки бо мардум бастаанд, ҳастанд.

 Пизишкиён ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва минтақаи ғарби Осиё тасреҳ кард: Агар мусулмонон бо ҳам ба ресмони Худо чанг мезаданд, режими саҳюнистӣ ҷуръат наме‎кард ин ғалатҳоро дар минтақа кунад.

 Гуфтанӣ аст, ҳафтаи аввали шаҳривармоҳ дар Эрон, ба муносибати шаҳодати Муҳаммадалии Раҷоӣ(раис ҷумҳур) ва ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷавод Боҳунар(нахуствазир) ҳафтаи “давлат” ном гирифтааст.

 Муҳаммадалии Раҷоӣ(раис ҷумҳур) ва ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷавод Боҳунар(нахуствазир)и Эрон соли 1981 дар инфиҷори террористии дафтари нахуствазирӣ ба дасти унсурҳои гурӯҳаки террористии мунофиқин ба шаҳодат расиданд.