Август 28, 2024 13:38 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Ба дунболи сулҳ ҳастем, аммо зери бори зулм намеравем

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими муорифаи вазири хориҷаи ҷадид эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷгоҳ зери бори зулм нахоҳад рафт ва бо золим, душманӣ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Масъуди Пизишкиён бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ба дунболи барқарории сулҳу дурӣ аз ҷанг будааст, изҳор дошт: Амрикоиҳо бо чӣ мантиқе ва бар мабнои кадоми қонӯне ба режими саҳюнистӣ муҷаввиз медиҳанд, ки занону кӯдакони мазлӯм ва бе дифои Ғаззаро бомбаборон кунад?

Пизишкиён тасреҳ кард, имрӯза кишварҳои аврупоӣ марзҳои худро ба рӯи якдигар боз кардаанд ва пули муштарак доранд, аммо кишварҳои исломӣ дар ҳоли девор кашидан миёни худ ҳастанд, дар ҳоле, ки бар асоси омӯзаҳои Қуръон ва Паёмбари Худо (с), ҳамаи мусулмонон бо якдигар бародаранд.