Имзои 4 санади ҳамкории муштарак миёни Эрон ва Туркманистон
Мақомоти Эрон ва Туркманистон, 4 санади ҳамкории муштарак дар ҳавзаҳои мухталиф имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари миллии Туркманистон 4 санади ҳамкории муштарак дар бахшҳои газ, гумрукот, ҳамкориҳои сиёсӣ ва хоҳархондагии ду бандари Амиробод ва Туркаманбошӣ имзо карданд.
Ин асноди ҳамкорӣ аз тарафи вазирони умури хориҷа, роҳ ва шаҳрсозӣ ва нафт ва масъулони гумрукоти ду кишвар имзо шуд.
Аз сӯи дигар, Муҳаммад Резвонфар, муовини вазири иқтисод ва раиси кулли гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Мақсад Худойқулов, ҳамтои туркамании худ бо изҳори хурсандӣ аз афзоиши ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Туркманистон аз табодули 1.4 миллион тон коло ба арзиши 450 миллиондоллар дар соли гузашта байни Теҳрон ва Ашқобод хабар дод.
Муовини вазири иқтисоди Эрон бо ишора ба инки нишастҳои муштараки дуҷониба ва марз нақши муассире дар афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ хоҳад дошт, хоҳони таъйини тақвим ва тадовуми баргузории ин нишастҳои муштарак шуд.
Резвонфар бо таъкид бар зарфияти муносиб ва вуҷуди чаҳор марзи фаъоли байни ду кишвар гуфт: Ҳамкорӣ дар ҷиҳати афзоиши ҳаҷми мубодилоти бавижа дар марзи Сарахс, равонсозии судури раводид барои тоҷирон, мубодилаи электронии аснод ва афзоиши соатҳои кор, дар афзоиши ҳаҷми мубодилот ва тасҳили тиҷорат нақши муассире дорад.
Раиси кулли Хадамоти гумруки Туркманистон ҳам дар ин дидор зимни истиқбол аз тавсеаи табодулоти тиҷории тарафайн дар солҳои ахир, аз рушди мубодилоти тиҷории кишвараш бо Эрон хабар дод ва хоҳони табодули таҷрибиёт ва тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ байни гумрукоти Эрон ва Туркманистон шуд, ки мавриди истиқболи раиси куллли гумруки Эрон қарор гирифт.
Дар ин дидор ҳамчунин муқаррар шуд, нишастҳои коршиносии Эрон ва Туркманистон дар моҳи оянда баргузор шавад.
Равобити Эрон ва Туркманистон беш аз ҳама аз ду фактори ҷуғрофия ва фарҳанги муштарак, сарчашма мегирад ва ду кишвар ҳудуд 900 километр марзи заминӣ ва 300 километр марзи дарёӣ доранд.
Ҷуғрофияи муштарак омили муҳимме барои тамоюли мақомоти ду кишвар ҷиҳати тавсеаи равобит аст.