Август 31, 2024 12:12 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷа: Эрон аз тавофуқи мавриди назари мардуми Фаластин ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тавофуқи мавриди назари мардум ва муқовимати Фаластин ҳимоят хоҳад кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон,Сайид Аббос Ироқчӣ дар гуфтугӯи телефонии Эмин ал-Сафдӣ-муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Урдун бо баёни инки режими саҳюнистӣ бо тадовуми иқдомоти ҷинояткоронаи худ, омили аслии густариши таниш ва даргирӣ дар минтақа аст, Исроилро бузургтарин монеъ бар сари роҳи дастёбӣ ба тавофуқи поёни ҷанг зидди борикаи Ғазза донист ва бар иқдоми муассири ҷомеаи байналмилалӣ ба манзури таваққуфи наслкушии саҳюнистҳо ва ирсоли кумакҳои башардӯстона барои фаластиниён таъкид кард.

 Ироқчӣ ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад дар заминаи равобити дуҷониба ва мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ бо Урдун гуфтугуҳои созандае дошта бошад.

 Вазири умури хориҷаи Урдун низ бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти инсонӣ дар борикаи Ғазза ва густариши танишҳо дар каронаи бохтарии рӯди Урдун гуфт, лозим аст танишҳо дар минтақа ҳарчи зудтар мутаваққиф шавад.

 Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Урдун ҳамчунин бо таъкид бар идомаи ройзаниҳои байн ду кишвар дар ростои манофеъи дуҷониба, дар бораи равобити ду кишвар ва муҳиммтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

 

Барчасп