Сентябр 07, 2024 12:16 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии волейболи нишастаи Эрон қаҳрамони параолимпиада шуд

Тими миллии волейболи нишастаи Эрон бо бартарӣ баробарӣ Босни дар дидори финали бозиҳои параолимпиадаи 2024 Париж, барои ҳаштумин бор қаҳрамони ин рақобатҳо шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дидори финали ду тим шомгоҳи ҷумъа дар Париж баргузор шуд ва миллипӯшони Эрон бо натиҷаи 3 бар 1 ҳарифи худро шикаст доданд ва барои ҳаштумин бор унвони қаҳрамонии бозиҳои параолимпиадаро ба худ ихтисос доданд.

 Чаҳор бозикуни эронӣ дар миёни беҳтаринҳои дидори финал қарор гирифтанд.

 Дар поёни нӯҳумин рӯз аз бозиҳои параолимпиадаи 2024 Париж корвони Эрон бо 6 тило 10 нуқра ва 6 бринҷӣ дар радаи чаҳордаҳуми тавзеъи медалҳо қарор гирифтааст.

Ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои параолимпиадаи 2024 Париж аз 27 август то 8 сентябр бо ҳузури 4400 варзишкор аз 188 кишвари ҷаҳон дар 22 ришта дар ҳоли баргузорӣ аст ва 65 варзишкор дар 10 риштаи варзишӣ аз Эрон низ дар ин овардгоҳи муҳимми ҷаҳонӣ ширкат карданд.

 

Барчасп