Эрон: Иддаои ирсоли мӯшакҳои баллистик аз Эрон ба Русия дурӯғи амрикоӣ аст
(last modified Sun, 08 Sep 2024 07:25:59 GMT )
Сентябр 08, 2024 12:25 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Иддаои ирсоли мӯшакҳои баллистик аз Эрон ба Русия дурӯғи амрикоӣ аст

Порс тудей - Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид бо радди гузоришҳои иддаоӣ, мабнӣ бар ирсоли мӯшакҳои боллистик ба Русия эълом кард: Мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи мунозиаи Украина ҳеҷ тағйире накардааст.

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони милал ба суолот дар бораи гузоришҳои иддаоӣ, мабнӣ бар ирсоли мӯшакҳои боллистик ба Русия посух дод.

Ба гузориши Порс тудей, намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар иттилоияе эълом кард: Эрон ирсоли кумаки низомӣ ба тарафайни даргир дар Украинаро, ки мӯҷиби густариши хисороти инсонӣ ва зерсохтҳо ва ҳамчунин фосила гирифтан аз гуфтугӯҳои оташбас мешавад, амре ғайриинсонӣ медонад.

Бар асоси ин иттилоъия, Эрон на танҳо худ чунин иқдоме намекунад, балки кишварҳои дигарро низ ба таваққуфи ирсоли силоҳ ба тарафайни даргир дар мунозиъа даъват мекунад.

Пеш аз ин низ Амир Саиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо радди иттиҳомоти бе асосу гумроҳкунандаи Амрико, Англия ва Фаронса дар хусӯси нақши Теҳрон дар муноқишаи Украина гуфт: Иёлоти муттаҳида ва ҳампаймононаш наметавонанд ин воқеияти ғайриқобили инкорро китмон кунанд, ки ирсоли силоҳҳои ғарбӣ ва пешрафта бавижа аз сӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ҷанги Украинаро тӯлонӣ карда ва ба ғайринизомиёну зерсохтҳои ғайринизомӣ осеб ворид кардааст.

Вай афзуд: Ҳар гуна иддаое мабнӣ бар дахолати Эрон дар фуруш, содирот ё интиқоли таслеҳот ба Русия ва нақзи тааҳҳудоти байналмилалии худ комилан беасос буда ва ба таври қотеъ рад мешавад. Эрон бори дигар бар тааҳҳуди хадшанопазири худ ба риояти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона таъкид меварзад.