Сентябр 09, 2024 13:29 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати ғайринафтии 26 миллиард долларии Эрон бо кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ

Порс тудей - Раиси кулли гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши тиҷорати ғайринафтии Эрон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар панҷ моҳи гузашта хабар дод.

Муҳаммади Резвонифар, раиси кулли гумруки Эрон эълом кард: Тиҷорати ғайринафтии Эрон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ бо афзоиши 15 дарсадӣ ба 26.7 миллиард доллар расидааст.

Ба гузориши Порс тудей,  Резвонифар бо эъломи ин омор афзуд: Мизони вазнии тиҷорати ғайринафтии Эрон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ин муддати 42.3 миллион тонн буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 10 дарсад рушд нишон медиҳад.

Image Caption

Бар асоси эъломи Резвонифар бештарини мизони мубодилоти тиҷории ғайринафтии Эрон дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо Иморот, Туркия, Ироқ, Покистон ва Уммон буда, ки 24 миллиард доллар аз ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории ғайринафтии Эрон дар байни кишварҳои узв ба ин панҷ кишвар ихтисос доштааст.