Сафари Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Русия
Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон барои ширкат дар нишасти мақомҳои олии амниятии кишварҳои узви БРИКС , ба Русия сафар кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , нишасти мақомоти олирутбаи амниятии кишварҳои узви БРИКС шомили кишварҳои Бразилия , Русия , Ҳинд , Чин , Африқои ҷанубӣ , Эрон , Иморот , Этиупия ва Арабистон аз имрӯз сешанбе то панҷшанбе ( 12 сентябр ) дар шаҳри Санкт Петербург Русия баргузор мешавад .
Дар ин Иҷлои илова бар нишасти аъзои БРИКС , нишасти муштаракӣ низ байни намояндагони кишварҳои узви БРИКС бо намояндагони олирутбаи амниятии бархе аз кишварҳои ҷануб аз ҷумла Индонезия , Туркия , Қазоқистон , Сербия , Тойланд , Беларус , Ветнам , Венесуэла , Узбекистон , Никарагуа , Кӯбо , Ҷумҳурии Озарбойҷон , Баҳрайн , Бангладеш , Сарилонко , Мавритания ва Лаос баргузор хоҳад шуд .
Ба гузориши Ирно , « Алиакбари Аҳмадён » Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ки барои ширкат дар нишасти мақомоти олирутбаи амниятии кишварҳои узви БРИКС ба Русия сафар кардааст илова бар ҳузур дар ин нишаст , дар дидор бо мақомоти олирутбаи Русия дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ , байналмилалӣ ва равобити дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ амниятӣ ва иқтисодӣ музокира хоҳад кард .