Сентябр 10, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Русия
    Сафари Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Русия

Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон барои ширкат дар нишасти мақомҳои олии амниятии кишварҳои узви БРИКС , ба Русия сафар кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , нишасти мақомоти олирутбаи амниятии кишварҳои узви БРИКС шомили кишварҳои Бразилия , Русия , Ҳинд , Чин , Африқои ҷанубӣ , Эрон , Иморот , Этиупия ва Арабистон аз имрӯз сешанбе то панҷшанбе ( 12 сентябр ) дар шаҳри Санкт Петербург Русия баргузор мешавад .

Дар ин Иҷлои илова бар нишасти аъзои БРИКС , нишасти муштаракӣ низ байни намояндагони кишварҳои узви БРИКС бо намояндагони олирутбаи амниятии бархе аз кишварҳои ҷануб аз ҷумла Индонезия , Туркия , Қазоқистон , Сербия , Тойланд , Беларус , Ветнам , Венесуэла , Узбекистон , Никарагуа , Кӯбо , Ҷумҳурии Озарбойҷон , Баҳрайн , Бангладеш , Сарилонко , Мавритания ва Лаос баргузор хоҳад шуд .

Ба гузориши Ирно , « Алиакбари Аҳмадён » Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ки барои ширкат дар нишасти мақомоти олирутбаи амниятии кишварҳои узви БРИКС ба Русия сафар кардааст илова бар ҳузур дар ин нишаст , дар дидор бо мақомоти олирутбаи Русия дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ , байналмилалӣ ва равобити дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ амниятӣ ва иқтисодӣ музокира хоҳад кард .

Барчасп