Сентябр 10, 2024 12:11 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба баёнияи поёнии нишасти Шурои ҳамкории Халиҷи Форс
    Посухи Эрон ба баёнияи поёнии нишасти Шурои ҳамкории Халиҷи Форс

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бархе мафоди муртабит бо Эрон дар баёнияи поёнии нишасти вазирони умурхориҷаи Шурои ҳамкории Халиҷи Форс дар Риёзро маҳкум ва онҳоро такрори ғайрисозанда ва беҳосил донист.

Вазирони умури хориҷаи Шурои ҳамкории Халиҷи Форс рузи Душанбе дар нишасти Риёз баёнияи дар бораи таҳаввулоти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла таҳаввулоти Ғазза ва зидди Эрон содир карданд .

Ба гузоришаши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носир Канъонии Чофӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон банди марбут ба ҷазоири эронӣ дар Халиҷи Форсро мутлақан мардуд донист ва таъкид кард, ҷазоири сегонаи эронии бумусо, тунби бузург ва тунби кучак, ҷузъи лоянфак ва абадии хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон аст .

Канъони Чофӣ афзуд Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргуна изҳориназар дар бораи маскунисозӣ, сафари мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ ба ҷазоири мутаъаллиқ ба Эрон ва ҳамчунин баргузории размоиши низомӣ дар марзҳои сарзаминии худро дахолат дар умури ҳокимиятии худ талаққи карда ва онро маҳкум мекунад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дарҷи иддаои якҷонибаи Кувайт дар бораи майдони газии Ораш дар баёнияи поёнии вазирони умури хориҷаи Шурои ҳамкории Халиҷи Форсро мардуд донист ва гуфт, судури баёнияҳои такрори ва тарҳи иддаоҳои якҷониба, фоқиди арзиши ҳуқуқӣ аст ва ҳақиро барои тарафи кувайтӣ исбот намекунад .

Канъонии Чофӣ афзуд , роҳкори мантиқӣ ва натиҷабахш дар хусуси майдони газии Ораш, бозгашт ба мизи музокироти фаннӣ ва ҳуқуқӣ ва гуфтугуи дуҷониба ба манзури дастёби ба тавофуқи пойдор барасоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтиром ба манофеи муштарак аст .

Сухангуи дастгоҳи дипломасии Эрон амният дар минтақаро мақулаи якпорча ва ғайриқобили тафкик донист ва бо таъкид бар аҳамияти ҳамкории минтақа ба манзури тамини амнияти ҷамъи афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мардуд донистани ҳузури низомии бегонагон дар сатҳи минтақа, нақши муассир ва созандаи худро дар тамини амнияти обҳо ва оброҳҳои минтақаӣ бо қувват идома хоҳад дод.

Барчасп