Ироқчӣ: Иддаои ирсоли силоҳ аз Эрон ба Яман дурӯғ ва иҳонат аст
(last modified Tue, 17 Sep 2024 05:35:03 GMT )
Сентябр 17, 2024 10:35 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба иддаои кизби ҳомиёни режими саҳюнистӣ дар хусуси ирсоли силоҳ аз Эрон ба Яман, ин иддаоҳоро иҳонату тавҳине ба миллати Яман унвон кард.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи ямании “Алмасира” гуфт: Яман ба яке аз тарафҳои муҳим дар меҳвари муқовимат табдил шудаву нақше беназир дар ҳимоят аз Ғазза ва Фаластин ифо мекунад.

Ироқчӣ афзуд: Муттаҳам кардани Эрон ба ирсоли таслеҳот ба Яман тавҳине ба яманиҳост, зеро ки Яман дорои фанноварӣ аст ва метавонад зарродхонаи низомии худро тақвият кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома ҳамчунин ёдовар шуд, ки Яман ирода дорад ва худаш тасмим мегирад ва аз силоҳҳои худ ба наҳве, ки салоҳ медонад, истифода мекунад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ ҳамчунин дар дидори Салоҳ Фаҳс, намояндаи ҷунбиши Амали Лубнон дар Теҳрон зимни баррасӣ ва табодули назар дар хусуси охирин таҳаввулоти Лубнон ва минтақа, бар идомаи сиёсати усулии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз меҳвари муқовимат алайҳи ишғолгарии режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин аз мавозеи сиёсӣ ва иқдомоти Набия Бери, раиси Маҷлиси намояндагони Лубнон ва раиси ҷунбиши Амал дар ҳимоят аз муқовимат ва ҳузуру ҷонфишонии размандагони ҷунбиши Амал дар канори размандагони Ҳизбуллоҳ дар набард алайҳи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва ҳимоят аз Фаластину Ғазза қадрдонӣ кард.