Ситоиши хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз нақши Ҳошимии Рафсанҷонӣ
(last modified Fri, 13 Jan 2017 12:29:07 GMT )
Январ 13, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз нақши Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ қабл ва баъд аз инқилоби исломӣ ҳамвора ба фикри ҷавонон, табйини Исломи ҳақиқӣ ва Қуръони карим буд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон хотирнишон кард, даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии исломии Эрон талафоте сангин барои низому инқилоби исломӣ аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон зимни таслияти дубора ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба миллат, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва хонаводаи он марҳум таъкид кард, ҳама, ба вижа ҷавонон бояд дар саҳна бошанд то инқилоби исломӣ ва низомро ба нуқтаи матлуб, назару хости мардум ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бирасонанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳузури миллионии мардум дар маросими ҷанозаи раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон гуфт, ин ҳузур нишонаи ваҳдати миллат ва эъломи ҳимояти онон аз масъулони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон якшанбешаб ба далели оризаи қалбӣ дар бемористоне дар Теҳрон даргузашт. Пайкари оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ сешанбеи гузашта дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ба хок супурда шуд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба пешравии артиши Ироқ дар Мусил барои озодсозии ин шаҳри роҳбурдӣ аз ишғоли террористҳо таъкид кард, Мусил ба зудӣ озод ва амнияти пойдор дар Ироқ барқарор мешавад.

Амалиёти озодсозии шаҳри Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ 17-уми октябри соли 2016 бо фармони Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шудааст.

 

Барчасп