Сентябр 23, 2024 11:01 Asia/Dushanbe

Саҳоб - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони вуруд ба Ню-Йорк барои ширкат дар 79-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар изҳороте таъкид кард, ки паёми Эрон барои ҷаҳони сулҳ ва амният аст.

Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бадви вуруд ба Ню-Йорк дар посух ба ин пурсиш мабни бар инки «муҳимтарин мавзуоте, ки қасд дорад дар нишастҳо ва дидорҳои худ бо мақомҳои хориҷӣ матраҳ кунад, чист?» гуфт: Ончӣ мушаххас аст, паёме аст, ки аз тарафи Эрон барои сулҳу амният дар ҷаҳон дораду таҳаққуқи шиоре, ки имсол Созмони милали мабнӣ бар сулҳу оянда тавъам бо тавсеа барои ҳамаи мардум эълом кардааст.

Пизишкиён таъкид кард, ки ба ҷои хунрезӣ ва ҷангу куштор, бояд дунёе дуруст кунанд, ки ҳамаи инсонҳо битавонанд дар он мустақил аз рангу нажоду қавмияту минтақаи зиндагии онҳо ба роҳатӣ зиндагӣ кард, аммо мутаасифона феълан дунёе, ки дар он зиндагӣ мекунем, ба ин шакл нест ва бо вуҷӯди стандартҳои дугона, як идда хуб ва иддае ҳам бад ҳастанд, дар натиҷаи мушкилоте ба вуҷӯд омадааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, фурсате, ки барои зиндагӣ дар кураи хокӣ дорем барои ҳамаи инсонҳо бояд баробар бошад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дирӯз якшанбе ба манзури ширкат дар 79-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар садри ҳайате олирутба вориди Ню-Йорк шуд.

Пизишкиён дар ин сафар илова бар ширкату суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони милал дар нишаст сарони мисоқи оянда низ суханронӣ хоҳад кард ва ҳамчнин дидорҳое бо теъдоде аз сарони кишварҳои ширкаткунанда дар 79-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал хоҳад дошт.

Пизишкиён ҳамчунин, нишастҳое бо гуруҳҳо ва афроди марҷаъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва расонаӣ дар Амрико хоҳад дошт ва бо ташреҳи мавозеъи Эрон ба пурсишҳои онон посух хоҳад дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз тарки Теҳрон гуфт: Умедвор аст, битавонад дар сафар ба Ню-Йорк садои мардуми Эрон ва ҳамчунин садои ҳаққталабӣ ва адолатхоҳӣ бошад.

 

Барчасп