Сентябр 23, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Мардон ва бонувони Эрон барандаи медали брунзи катои тимии Осиё

Порс тудей - Тимҳои миллии катои мардону бонувони Эрон дар пайкорҳои қаҳрамонии Осиё ба медали брунз даст ёфтанд.

Рақобатҳои каратеи қаҳрамонии Осиё бо ширкати 370 варзишкор аз 31 кишвар дар Чин дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши Порс тудей, котои тимии бонувони Эрон бо пирӯзӣ муқобили катои тимии Филиппин, медоли брунзи ин рақобатҳоро аз они худ кард.

Тими котои тимии мардони Эрон низ бо пирӯзӣ муқобили катои тимии Арабистон соҳиби медоли брунз шуд.

 

Барчасп