Сентябр 24, 2024 16:09 Asia/Dushanbe
  • Изҳори ҳамдардии Толибон бо Эрон
    Изҳори ҳамдардии Толибон бо Эрон

Ҳукумати Толибони Афғонистон дар пайи ҳодисаи инфиҷори кони ангишти шаҳри Табас, воқеъ дар шарқи Эрон, бо давлату мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Ҳодисаи инфиҷори 2 кони ширкати Маъданҷӯи Табас дар Хуросони Ҷанубӣ, дар шарқи Эрон соати 21 шомгоҳи шанбе рух дод ва шиддати онии гази метан сабаб шуд 69 коргар дар ин конҳо маҳбус шаванд ва 35 нафар ҷон бохтанд.

40 нафар дар қолаби тимҳои тахассусӣ дар кони Табас дар ҳоли имдодрасонӣ дар маҳалли ҳодиса ҳастанд, ки то кунун 17 масдум бо талоши тимҳои тахассусии имдодӣ наҷот ёфтанду эҳтимоли афзоиши фавтиҳо вуҷуд дорад.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи душанбе аз вуқуи инфиҷор дар кони Табас дар Хуросони Ҷанубӣ ( шарқи Эрон), ки мунҷар ба ҷон бохтани даҳҳо коргар шуд, иброз таассуф кард ва ин фоҷеаи ғамангезро ба хонаводаҳои қурбониён таслият гуфт.

Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон ҳамчунин эълом кард, ки Толибон ҳамдардии худро бо давлату мардуми Ҷумҳурии исломии Эрон иброз кард.

Пештар низ вазорати хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамчунин Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон бо эъломи таслият ба давлату миллати Эрон, бо хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи кони ангишт дар Табас ибрози ҳамдардӣ карданд.