Волейболи Эрон қаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i117192-Волейболи_Эрон_қаҳрамони_мусобиқоти_низомиёни_ҷаҳон_шуд
Тими волейболи Эрон бо пирӯзӣ муқобили Ҳинд, қаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 24, 2024 16:27 Asia/Dushanbe
  • Волейболи Эрон қаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳон шуд

Тими волейболи Эрон бо пирӯзӣ муқобили Ҳинд, қаҳрамони мусобиқоти низомиёни ҷаҳон шуд.

Дидори ниҳоии сивуҳаштумин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии низомиёни ҷаҳон асри рӯзи душанбе байни тимҳои Эрону Ҳинд дар қасри волейболи маҷмӯаи варзишии Озодии Теҳрон баргузор шуд ва тими волейболи низомиёни Эрон бо натиҷаи се бар як Ҳиндро шикаст дод ва ба мақоми қаҳрамонӣ расид.

Тими Эрон дар марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот ҳам як бори дигар Ҳиндро шикаст дода буд.

Тими Эрон дар ин давра аз мусобиқот тимҳои Ҳинд (ду бор), Шриланка ва ҷумҳурии Озарбойҷонро шикаст дод ва қаҳрамон шуд.