Интиқоди Эрон аз сустии ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил
(last modified Sat, 28 Sep 2024 10:32:59 GMT )
Сентябр 28, 2024 15:32 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Лубнон ва борикаи Ғазза, аз сустии ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил интиқод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Аббос Ироқчӣ дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, гуфт: Нахуствазири Исроил ва ҳамроҳонаш ин қадр бераҳмона ҷасур шудаанд то рӯёи такрори куштори Ғазза дар Лубнон ва кашондани кулли минтақа ба як ҷанги тамомаёрро дар сар бипарваронанд.

  Ироқчӣ дар идома бо ишора ба ҳимоятҳои бедареғи Амрико аз Исроил афзуд: Аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун Амрико онқадар силоҳ ба режими Исроил ирсол карда, ки Пентагон (вазорати дифоъи Амрико) бо мушкил дар таъмини ҳавопаймоҳои бории кофӣ барои кашондани таҷҳизот мувоҷиҳ шудааст.

Вай бо ишора ба инки дар Ғазза ҳазорон нафар шаҳид, захмӣ ё зери овор дафн шудаанд, тасреҳ кард: Эътибори Шӯрои амният ҳар лаҳза дар ҳоли коҳиш аст, зеро тавассути ҳомиёни аслии режими Исроил аз анҷом вазифаи худ таҳти маншур даст кашида ва ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои амният бояд акнун иқдом кунад, дар ғайри ин сурат, даъват ба фоҷеъаҳои бештар аст.

 Ироқчӣ дар идома бо ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Лубнон ва таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тамоми тавон дар канори миллати Лубнон ва муқовимат хоҳад буд, гуфт: Ин як нанги таърихӣ аст, ки як қотили барҷаста (Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил) ҷуръат мекунад дар Созмони Милал ҳозир шавад ва фазои Маҷмаъ умумиро бо дурӯғҳои нангин ва таҳдидҳои бешармонаи худ барои ҳамла ба кишварҳои дигар ва куштани афроди бештар заҳролуд кунад.

 Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Бо идомаи корзори марг ва вайронӣ тавассути режими Исроил, мардуми минтақа ҳарчи бештар бар ин бовар росих мешаванд, ки ин режим унсури нописанд ва бегона аст, ки ба унвони бахше аз як тарҳи истеъморӣ барои даргир кардани кулли минтақаи ғарби Осиё дар чархаҳои поённопазири ҷангҳо ва хушунатҳо кошта шудааст.