Муовини Зариф: Бозбинии БАРҶОМ аз машруияти байналмилалӣ бархурдор нест
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, БАРҶОМ байни Эрон ва Амрико нест, ки як тараф бихоҳад дар бораи он тасмим бигирад.
Муртазо Сармадӣ, қоиммақом (муовин)-и вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Теҳрон, дар бораи изҳороти ахири Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи пешниҳодии раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар бораи бозбинии БАРҶОМ, пас аз сари кор омадани давлати ҷадиди ин кишвар таъкид кард: “Ин дидгоҳ аз ҳеч навъ ҳимояту машруияти байналмилалӣ бархурдор нест”.
Сармадӣ афзуд, БАРҶОМ тавофуқе байни Эрону шаш кишвар аст ва маҷмӯаи Иттиҳодияи Аврупову Созмони милал ҳам ин тавофуқро мавриди таъйид қарор додаанд, бинобар ин, матраҳ кардани мавзӯи бозбинии он аз сӯйи бархе шахсиятҳову мақомоти амрикоӣ бефоида аст.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ибрози итминон кард, касоне, ки дар Амрико бар сари қудрат хоҳанд омад, ҳеч чорае ҷуз канор омадан бо воқеиятҳо надоранду талошашонро бар иҷрои ҳар чӣ беҳтар, саҳеҳтар ва зудтари БАРҶОМ равона хоҳанд кард.
Маҷиди Тахтиравончӣ, муовини аврупоиву амрикоии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи бозбинии БАРҶОМ-ро нахоҳад дод ва ин на фақат мавзеи Теҳрон, балки мавзеи аъзои гурӯҳи 5+1 аст.
Тахтиравончӣ бо ишора ба нишасти ахири камиссиюни муштараки БАРҶОМ дар Вена ва гирифтани тазмини катбӣ аз амрикоиҳо дар ин бора ки тамдиди таҳримҳои ин кишвар зидди Эрон бар БАРҶОМ таъсиргузор нахоҳад буд, таъкид кард: “Дар ин нишаст таъкид шуд, БАРҶОМ бояд ба беҳтарин наҳв иҷро шавад”.
Бо амалӣ шудани БАРҶОМ аз январи соли 2016, Амрико ба унвони яке аз тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ, ҳамвора бадаҳдӣ кардаву ба тааҳҳудҳои худ пойбанд набудааст.
Тамдиди қонуни таҳримҳои 10 -солаи Эрон дар Конгресси Амрико, ҷадидтарин мавриди нақзи БАРҶОМ аз сӯйи ин кишвар аст.