Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи шаҳодати сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i117296-Паёми_Раҳбари_инқилоб_дар_пайи_шаҳодати_сарлашкар_Аббоси_Нилфурӯшон
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме, шаҳодати сардори рашид ва андешаманд, сардор сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон дар ҳамалоти режими хабиси саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрутро табрик ва тасалият гуфтанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 02, 2024 08:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи шаҳодати сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме, шаҳодати сардори рашид ва андешаманд, сардор сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон дар ҳамалоти режими хабиси саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрутро табрик ва тасалият гуфтанд.

Ба гузориши гурӯҳи сиёсии хабаргузории Форс, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме, шаҳодати сардори рашид ва андешаманд, сардор сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон дар ҳамалоти режими хабиси саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрутро табрик ва тасалият гуфтанд.

Матни комили паём ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим  

Сардори рашид ва андешаманд, сардор сарлашкар Аббоси Нилфурӯшон раҳматуллоҳ алайҳ дар ҳамалоти режими хабиси саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрут, ба лиқоуллоҳ пайваст. Салом ва раҳмати илоҳӣ ва авлиёаш бар ин муҷоҳиди фисабилиллоҳ бод. Шаҳодат дар роҳи Худо барои ӯ, ки умреро дар ҷиҳод барои барафроштани парчами Ислом гузарондааст, файзи бузурге аст.

Инҷониб ба хонадони гиромӣ ва ҳамкорони мукаррами ин шаҳиди азиз табрик ва тасалият мегӯям ва тафаззули илоҳиро барои ҳамаи онон масъалат мекунам.

Сайидалӣ Хоманаӣ 10/меҳр/1403