Қавонини байналмиллалӣ дар бораи ҳамлаи интиқомии Эрон чӣ мегӯяд
Порс Тудей- Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар чорчӯби ҳаққи дифоъи машрӯъ ва бар асоси қавонини байналмиллалӣ, маҷмуъаи ҳамалоти мушакӣ бар зиддӣ мавозеъи низомии режими саҳюнистӣ анҷом дод.
Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо интишори баёнияе , маҷмӯъаи ҳамалоти мушакии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зидди аҳдоф ва таъсисоти низомӣ ва амниятии режими саҳюнистиро дар ростои иҷрои ҳақи зотии дифоъи машрӯъ ва дар посух ба иқдомоти таҷовузкоронаи ин режим донист . Ба гузориши Порс Тудей , дар баёнияи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон омадааст : Амалиёти Ваъдаи Содиқи 2 ; посухии машрӯъи зайли модаи 51 маншури Созмони Милал буд .
Дар ин баёния таъкид шудааст : Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сӯрати лузӯм барои иттихози иқдомоти дифоъи бештар дар ҷиҳати сиёнат аз манофеи машрӯъи худ ва дифоъ аз киёни сарзаминӣ ва ҳокимиятии Эрон дар баробари ҳаргуна иқдоми таҷовузкоронаи низомӣ ва истифодаи ғайриқонунӣ аз зӯр , омодагӣ комил дорад ва дар ин замина тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод .
Сайид Аббоси Ироқчи вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳам дар ин хусӯс дар тамоси телефонӣ бо вузарои хориҷаи Англис , Олмон ва Фаронса гуфт : Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо аз ҳақи худ барои дифоъи машрӯъ бар асоси модаи 51 маншури милали муттаҳид истифода карда ва мунҳасиран пойгоҳҳои низомӣ ва амниятии режими саҳюнистиро мавриди ҳадаф қарор додааст .
Амир Саид Ереванӣ сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал низ дар ин бора гуфт : Ин иқдом дар чорчӯби ҳақи зотии дифоъи машрӯъ , зайли модаи 51 маншури Созмони Милали муттаҳид ва дар посух ба иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ , аз ҷумла нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон , террори раҳбари сиёсии ҲАМОС дар Теҳрон , маҷрӯҳияти сафири Эрон дар Лубнон дар асари ҳадафи қарор додани амдӣ ва беравияи ғайринизомиён дар Лубнон бо инфиҷори пиҷрҳо , ва террори Дабирикули Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва сардор Аббоси Нилфурўшон , мушовири аршади низомии Эрон дар Бейрут анҷом шуд.
Бар тибқи модаи 51 маншури Милали Муттаҳид , дар сӯрате, ки як узви Милали Муттаҳид мавриди таҷовузи мусаллаҳона воқеъ шавад ҳеҷ як аз муқаррароти ин маншур ба ҳақи табиии дифоъи машрӯъи инфиродӣ ё иҷтимоӣ то мавқеъе,ки Шӯрои амният иқдоми лозим барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ баъамал оварад латма ворид нахоҳад оварад .