Октябр 04, 2024 16:10 Asia/Dushanbe
  •  Дар посух ба саҳюнистҳо на тааллул мекунем, на шитобзада мешавем

Раҳбари муаззами инқилоб гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ бо қудрату салобат вазоифашро дар кумак ба Фаластин ва Лубнон анҷом хоҳад дод ва дар анҷоми вазоифаш на тааллул мекунад ва на шитобзада мешавад.

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар намози ҷумъаи имрӯз бо баёни инки вилоят яъне пайванд ва ҳамбстагии мусулмонон бо якдигар, ки сиёсати Қуръони мост,афзуданд : Сиёсати Қуръон ин аст, ки миллатҳои мусулмон бо якдигар ҳамбастагӣ дошта бошанд ва ваъда медиҳад агар ҳамбастагӣ дошта бошед, мӯҷиб мешавад иззати Худованд пушти сари Шумо бошад ва бар ҳама душманон пирӯз мешавед. Ҳикмати Илоҳӣ ҳам пушти сари Шумо хоҳад буд ва қонунҳои офариниш барои пешрафти Шумо ба кор гирифта мешавад.

 Раҳбари муаззами инқилоб тасреҳ карданд : Сиёсати душманони Ислом, ки мустакбирон ва мутаҷовизони олам ҳастанд, "тафриқа биандозу ҳукумат кун" аст. Ин сиёсатро дар кишварҳои исломӣ бо анвоъи тарфандҳо анҷом доданд ва ҳанӯз даст бардор нестанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Аммо имрӯз миллатҳо бедор шуданд, уммати исломӣ метавонад бар ин тарфанди душманони Ислом ва муслимин пирӯз шавад. Душмани миллати Эрон ҳамон душмани миллати Лубнон ва Фаластин ва Ироқ,Миср, Сурия ва Яман аст.

 Раҳбари инқилоб бо баёни инки шеваҳои душман дар кишварҳои мухталиф, тафовут дорад, якҷо бо ҷанги равонӣ, фишори иқтисодӣ, бомбаҳои 2 тоннӣ, якҷо бо силоҳ ва якҷо бо лабханд кори худро пеш мебаранд,таъкид карданд : Утоқи фармон якҷост ва фармони ҳамла ба миллатҳои мусулмонро дарёфт мекунанд. Агар ин сиёсат дар як кишвар муваффақ шуд, вақте хотирашон аз як кишвар осуда шуд, сӯроғи кишвар дигар мераванд.

 Ишон афзуданд : Ҳар миллате, ки мехоҳад мубтало ба муҳосираи фалаҷкунандаи душман нашавад, бояд бедор шавад. Агар душман сӯроғи миллати дигар рафт, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд, то душман муваффақ нашавад. Мо мусулмонҳо ғафлат кардем ва натоиҷшро дидем ва имрӯз набояд ин иттифоқ биуфтад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бар зарурати маҳкам бастани камарбанди дифоъ ва истиқлолталабӣ аз Афғонистон то Яман ва Ғазза ва Лубнон таъкид ва ёдовар шуданд : Аҳкоми дифоъии Ислом ва Қонуни асосии Эрон ва қавонини байналмилалӣ таклифи моро маълум кардааст. Дар қавонине, ки мо дахолате дар нигоштани он надоштем, мегӯяд ҳар миллате ҳаққ дорад аз хок, кишвар ва манобеъи худ дар баробари мутаҷовиз дифоъ кунад.

 Ишон афзуданд : Миллати Фаластин ҳақ дорад дар баробари душмане, ки хок ва хонаашро тасарруф ва ишғол карда, биистад. Қонунҳои ҷаҳонӣ ҳам онро таъйид мекунад, ин ишғолгарон аз куҷо омадаанд? Ҳеҷ созмони байналмилалӣ ҳаққ надорад ба миллати Фаластин эътироз кунад; чаро ки дар баробари режими ғосиби саҳюнистӣ сина сипар кардед. Касоне, ки кумак ба миллати Фаластин мекунанд, бар асоси вазифа анҷом медиҳанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба Лубнон ва Ҳизбуллоҳ бигӯяд чаро кумак мекунед? Ин як мантиқи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки Фаластин аз хокаш дифоъи машрӯъ мекунад, онҳо, ки ба Фаластин кумак мекунанд ҳам кумаки машрӯъ мекунанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба солгарди амалиёти Тӯфонул-Ақсо ва таъкид бар ин нукта, ки мантиқи қонунӣ ва байналмилалӣ дошт ва ҳақ бо фаластиниҳо буд,тасреҳ карданд : Дифоъи ҷононаи лубнониҳо аз мардуми Фаластин қонунӣ ва маъқул ва мантиқӣ аст. Кори дурахшони нируҳои мусаллаҳи мо ҳам комилан қонунӣ ва машрӯъ буд.

Раҳбари муаззами инқилоб амалиёти Ваъдаи содиқ 2-и   нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро камтарин муҷозот барои режими саҳюнистӣ дар баробари ҷиноятҳои ҳайратовари режими хуношом, гургсифат ва саги ҳор(девона)и Амрико дар минтақа унвон ва таъкид карданд : Ҷумҳурии исломӣ бо қудрат ва салобат вазоифашро анҷом хоҳад дод. Дар анҷоми вазифа на тааллул мекунем ва на шитобзада мешавем. Ончи мантиқӣ ва дуруст ва назари тасмимгирони сиёсӣ ва низомӣ аст, дар вақташ анҷом мешавад. Дар оянда агар лозим бошад ҳам анҷом хоҳад гирифт.

 

 

Барчасп