Эрон иттиҳомоти беасос дар хусуси дахолати Теҳрон дар интихоботи Амрикоро рад кард
Октябр 04, 2024 23:09 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни радди бархе иттиҳомот дар хусуси мудохилаи Эрон дар интихоботи Амрико, давлати ин кишварро фоқиди салоҳият барои баёни чунин иттиҳомоте донист.
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба гузориши солонаи Вазорати амнияти дохилии Амрико ва тарҳи бархе иттиҳомот мабнӣ бар мудохилаи Эрон дар интихоботи ин кишвар таъкид кард: Давлати Амрико, ки собиқае тӯлонӣ дар мудохилаи ғайриқонунӣ дар умури дохилии дигар кишварҳо дорад, дар ҷойгоҳе нест, ки чунин иттиҳомеро ба дигар кишварҳо нисбат диҳад.
Барчасп